ТАҶЛИЛИ 31-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 7 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба муносибати таҷлили 31–умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон баргузор гардид.
Маҷлисро Муовини Раиси Палата Ҳайдар Раҷабов бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ карда, ҳозирин ва кулли мардуми шарафманди кишварро ба муносибати 31–умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд.
Ҳамзамон, зимни суханронии худ қайд намуданд, ки давлатсозиву давлатдорӣ кори як даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, як даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании онҳо, анъанаҳо ва арзишҳои халқиро тақозо дорад.
Истиқлол ҳаммаънои озодию ягонагӣ, худсолориву ба даст гирифтани сарнавишти худ мебошад. Он барои мо асоси давлатсозӣ, кору пайкорҳои созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагист.
Бо шарофати ин руйдоди бузурги таърихӣ, давлати тоҷикон бо азму талошҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби рамзҳои давлатии худ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гашта, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.
Имрўз бо дарки масъулият дар назди таърихи халқи тоҷик, дар назди номи неки миллат ва дар назди ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои калон доранд, бояд дар атрофи Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи Истиқлоли давлатӣ муттаҳид шуда, бо кору фаъолияти содиқонаву беғаразонаи худ кишвари азизамонро бозҳам зеботару машҳуртар созем.
Зеро, самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олам ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Вазифаи ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аз он иборат аст, ки аз Истиқлоли давлатӣ ва аз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона пуштибонӣ намуда, барои афзун сохтани дастовардҳои миллату давлати хеш кӯшиш ба харҷ дода, пояҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамонро барои садсолаҳо таҳким бахшем.
МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ПСС ҶТ
ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL