15 сентябри соли 2022, дар шаҳри Янлини музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин 29-мин Намоишгоҳи Янлин дар соҳаи кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, намояндагони баландпояи ниҳодҳои давлатии Чин, корпуси дипломатӣ дар кишвари иқомат ва ширкатҳои бонуфузи трансмиллӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Дар  маросими ифтитоҳии ин чорабинии байналмилалӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки маҷозӣ ва суханронӣ намуд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ хайати  Сафорат бо губернатори музофоти Шансӣ ва хайати баландпояи ин музофот вохурӣ намуда, барои рушди хамкориҳои баъдӣ, аз ҷумла татбиқи Созишнома оид ба барқарории бародаршаҳрии вилояти Хатлон ва музофоти Шансӣ даъват намуд.

Ба мақсади ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва инчунин суръат бахшидан ба имкониятҳои содироту воридоти кишвар Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукотии Намоишгоҳи агротехникии Янлин зимни ин чорабинӣ павилиони  маҳсулоти аграрии ватаниро, аз ҷумла меваҳои тару тоза, хушкмева, асал, нону кулчаҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL