ҶАЛАСАИ 3-ЮМИ ШӮРОИ КОРИИ КОРЕЯ – ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Аз 25 то 29 октябри соли 2022, намояндагони Палата бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 3-юми Шӯрои кории Корея – Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Форуми ҳамкории Корея – Осиёи Марказӣ ташкил гардида буд, сафарбар гардиданд.
Санаи 26 октябри соли 2022 дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Корея аз ҷониби Секретариати форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ -Ҷумҳурии Корея ҷаласаи 3-юми Шӯрои корӣ Осиёи Марказӣ- Ҷумҳурии Корея дар доираи « Форуми ҳамкории Корея – Осиёи Марказӣ » баргузор карда шуд.
Дар қатори дигар намояндагони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон иштирок намуда, дар мавзӯи «Ҳолати имрӯзаи соҳаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, зарурияти мубодилаи таҷрибаи Ҷумҳурии Корея барои рушди соҳаи мазкур» рӯнамо пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, санаи 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Пусани Ҷумҳурии Корея аз ҷониби Агентӣ оид ба рушди иқтисодии шаҳри Бусан ва Секретариати форуми ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ, Бизнес-форуми Бусан – Палатаҳои савдо ва саноати Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Мақсад ва вазифаҳои Палатаҳои савдо ва саноат, имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, дар ҷаласаи мазкур Муовини якуми Раиси Палата Анваров Насимҷон рӯнамо дар мавзӯи болозикр пешниҳод намуда, ба ҳозирин «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон»-ро, ки дар он вобаста ба вазъу имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор ҷойгир карда шудааст, тақдим намуданд.
Баъд аз фарҷоми Форум бо мақсади рушди ҳамкориҳои минбаъда Ёддошти тафоҳум байни Агентӣ оид ба рушди иқтисодии шаҳри Бусан ва Палатаҳои савдо ва саноати Осиёи Марказӣ ба имзо расонида шуд.
Дар доираи сафари мазкур санаи 28 октябр бо Роҳбарияти КIТА ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Корея вохӯриҳо доир карда шуд.