Мухтарам аъзоёни Палата, шарикон ва ҳамкорони гиромӣ!

28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шумо ва дар симои шумо ба ҳама ҳамватанони кишвар табрику муборакбод намуда, хоҳони он ҳастам, ки ҳамеша дар Ватани азизамон сулҳу суббот ва ваҳдату ягонагӣ ҷовидон бошад.
Ҳамзамон, доир ба аҳамияти ин санади асосӣ дар бунёд намудани ҷомеаи қонунӣ қайд бояд намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994, миллати тоҷик бори нахуст дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сарқонуни худро қабул намуд, ки ҳама меъёрҳои ҳуқуқӣ ва озодии инсон ва шаҳрванд дар он инъикос ёфтааст.
Инчунин, лозим ба ёдоварист ки дар асоси хулосаи коршиносони байналмилалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 5 Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон пазируфта шудааст.
Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду такомули давлату давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ яке аз омилҳои асосӣ буда, дар дигаргунсозиҳои муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва рушди ҳама соҳаҳо нақши муҳим мебозад.
Бо як ҷаҳон таманниётҳои нек,
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон.
ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL