ҶАМЪОМАД БА МУНОСИБАТИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА 30–СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16–УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Cанаи 15 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30–солагии Иҷлосияи 16–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоишро Раиси Палата Ҷамшед Ҷумъахонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30–солагии Иҷлосияи 16–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Сипас, Раиси Палата зимни суханронии худ қайд кард, ки Иҷлосияи 16–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзӣ, ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон ҳамчун нақши муҳим арзёбӣ шудааст. Дар баробари ин, аҳаммияти миллию минтақавӣ ва байналмилалии Иҷлосияи 16–ум низ таъкид гардида, заминаҳо ва зарфиятҳои сарнавиштсози он дар марҳалаи нисбатан ҳассоси таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушду инкишофи соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар марҳалаи минбаъдаи давлатсозӣ қайд гардид.
Ҳамзамон, Раиси Палата зимни суханронии худ сиёсати хирадмандона, дурбинона ва санҷидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири рушди бомароми мамлакат махсусан муҳим қайд намуда, ҷавҳари асосии онро гиромидошти арзишҳои умумимиллӣ, ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуд.
Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.


МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ПСС ҶТ