МУХТАРАМ АЪЗОЁНИ ПАЛАТА, ШАРИКОН ВА ҲАМКОРОНИ ГИРОМӢ!

Рӯзи Президенти маҳбуби кишвар ва 30–солагии Иҷлосияи 16–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шумо ва дар симои шумо ба ҳама ҳамватанони кишвар табрику муборакбод намуда, хоҳони он ҳастам, ки ҳамеша дар Ватани азизамон сулҳу суббот ва ваҳдату ягонагӣ ҷовидон бошад.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи 16–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзӣ, ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон махсусан муҳим буда, аҳаммияти миллию минтақавӣ ва байналмилалии Иҷлосияи 16–ум заминаҳо ва зарфиятҳои сарнавиштсози он дар марҳалаи нисбатан ҳассоси таърихӣ нақши муҳимеро бозидааст.
Инчунин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушду инкишофи соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар марҳалаи минбаъдаи давлатсозӣ ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16–уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол тибқи аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идораи Тоҷикистон ба тарзи ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Пешвои миллат муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад.
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ МАҲБУБИ КИШВАР ВА 30–СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16–УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК ВА ХУҶАСТА БОД!
Бо як ҷаҳон таманниётҳои нек,
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон.
ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL