ВОХУРИИ ДУҶОНИБАИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВИЛОЯТИ САМАРАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Санаи 17–уми ноябри соли 2022, дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии дуҷонибаи (B2B) миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Федератсияи Россия бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, аз вилояти Самара 9 корхонаҳои миёнаву бузурги самти соҳаҳои омехта, аз ҷумла тандурустӣ, кишоварзӣ, маҳсулотҳои ороишӣ ва кимиёи рўзгор, қаннодӣ, маҳсулотҳои гуштӣ, обҳои нушокӣ, агролизинг, дистрибюторҳо ва ғайра бо мақсади пайдо намудани шарикони тоҷикистонӣ ташриф намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 намояндагони бахши хусусӣ, ки дар самтҳои соҳаҳои мухталиф фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои корӣ бо муваффақият ба анҷом расид, ки дар натиҷа якчанд соҳибкорони ватанӣ бо соҳибкорони вилояти Самара ба розигии тарафайн омада, хоҳиши ҳамкорӣ намуданро пайдо намуданд.
 
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ
ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL