МУХТАРАМ АЪЗОЁНИ ПАЛАТА, ШАРИКОН ВА ҲАМКОРОНИ ГИРОМӢ!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шумо ва дар симои шумо ба ҳама ҳамватанони кишвар табрику муборакбод намуда, хоҳони он ҳастам, ки ҳамеша дар Ватани азизамон сулҳу суббот ва ваҳдату ягонагӣ ҷовидон бошад.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошта, он ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои соҳибихтиёрии кишвар мебошад, ки он ба сифати рамзи давлату миллат аз замонҳои хеле қадим мавҷуд буда, аз ҳастии ин ё он давлат дарак медиҳад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи Истиқлоли давлатии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, он 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 ноябри соли 2009 «Рӯзи Парчами давлатӣ» эълон гардид, ки ин рӯзи муборак ҳамасола дар саросари кишвар ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаи росткунҷаест, ки аз се рахи уфуқӣ иборат буда, қисми болоияш сурх, миёнааш сафед ва поёниаш сабз мебошад.
Ранги сурхи парчам рамзи муборизаву ҷоннисории халқи тоҷик барои озодӣ ва истиқлол (аз замонҳои қадим мардуми тоҷдори тоҷик барои ҳастии худ ба муқобили душманон мубориза бурда, маданияту анъанаҳои миллии худро ҳифз менамуданд).
Ранги сафеди парчам ин нишони бахту саодат, умеду орзу ва ростию покӣ мебошад (аз замонҳои қадим ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят менамуданд).
Ранги сабзи парчам нишонаи сарзабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ, абадият ва ранги баҳору деҳқонӣ мебошад (аз гузаштагони мо меҳнатдӯстию меҳнатқаринӣ ба мо мерос мондааст).
Дар маркази парчам тоҷи тиллоӣ тасвир ёфта, дар болои он ҳафт ситора ба шакли нимдоира таҷассум ёфтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тоҷи зарҳалин, ки бо ҳафт ситораи дурахшон ҷойгир шудааст, рамзи соҳибдавлатии кишварро бо мавҷудияти таъриху тамаддун, фарҳанги бостонии халқи тоҷик, давлату давлатдории мардуми бостонӣ ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамонии гузаштагони моро ифода менамояд.
Ҳафт ситора дар ибтидо ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷикро таҷассум мекардаанд, баъдан ҳафт фазои хуби озодии ориёӣ. Ҳоло бошад, ҳафт ситора ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии кишвари моро таҷассум менамояд. Аз ҷумла, Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон, Бадахшон.
Қайд намудан зарур аст, ки Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Имрӯз мо – тоҷикистониёнро мебояд, ки аз Парчами давлатии худ ифтихори зиёд дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ҳар як фарзанди тоҷик барои парчамбардору номбардор ва ифтихори миллату Ватани маҳбубамон будан, бояд ҳамеша талош намояд.
Зеро, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК ВА ХУҶАСТА БОД!
Бо як ҷаҳон таманниётҳои нек,
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон.
