ҶАМЪОМАД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 24 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Муовини якуми Раиси Палата Насим Анваров ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуд ва зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки тибқи муқаррароти моддаи 3–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
Вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11–декабри соли 1992 “Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12–майи соли 2007–ум Қонуни Чумҳурии Точикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин, садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20–уми ноябри соли 2009 рӯзи 24–уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Бояд гуфт, ки парчами мо нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар назди он бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд. Муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад.
Аз ин рӯ, моро мебояд имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем.
Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.


МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ПСС ҶТ