ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ!!!
Муҳтарам Соҳибкорон-аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумотатон мерасонад, ки санаи 10-уми апрели соли 2023, дар меҳмонхонаи “Руми” дар толори Балх, вохурии дуҷонибаи (B2B), миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Олтойи Федератсияи Россия, баргузор мегардад.
Ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой 6 ширкату корхонаҳои калону, миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишварамон ва пайдо намудани шарикони худ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташриф меоранд.
Ширкатњои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукрав ва боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, маҳсулотҳои косметикӣ, хизматрасониҳои логистикӣ, нӯшокиҳои ташнашикан (оби гандум, квас, лимонад, оби минералӣ ва нӯшокиҳои бе газ), маҳсулоти экологӣ ва кишоварзӣ, ва ғайра иштирок менамоянд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мо шуморо барои иштирок ба вохуриҳои дуҷонибаи дарпешистодаи соҳибкорӣ, даъват менамоем.
Шахси тамос; Косимзода Мављуда +992 902-92-44-33.
Руйхати ширкатҳои вилояти Олтои Федератсия Россия дар поён пешниҳод гардидааст:
1.ООО «НИТРОГЕН». www.nitrogenagro.ru, Презентационные материалы: https://nitrogenagro.ru/partners#popup:video_partner
2. ООО «Две линии» ПКФ, https://dvelinii.com Презентационные материалы: https://dvelinii.com/?ysclid=lfqlb8dagw273388194
3. ООО ТК «РУСГРУЗ», http://rusgruz.ru Презентационные материалы: http://rusgruz.ru/uslugi/zheleznodorozhnye-perevozki#service
4. ООО «Алтайский Пивной Дом», https://bochkari.ru , Презентационные материалы: https://player.vimeo.com/video/516595085
5. ИП Анкушев А.Я., https://siberianexport.ru/
6. ООО «Барнаульский химический завод», https://bchp.ru Презентационные материалы: https://cloud.mail.ru/public/9YoN/9dkbiQwWF