Муҳтарам соҳибкорон- аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 8-уми апрели соли 2023, соати 17:00 дар “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ҷаласаи якуми Шӯрои кории “Тоҷикистону Туркманистон”, баргузор мегардад.
Рӯзи 9-уми апрели соли ҷорӣ соати 10.00 маросими кушодашавии расмии намоишгоҳи маҳсулотҳои содиротии ду давлат, соати 11.30 Бизнес-форум ва соати 15.00 дар идомаи Форуми мазкур вохуриҳои дуҷонибаи ВхВ миёни ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои Ҷумҳурии Туркманистон дар “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, низ дар назар мебошад.
Дар Форуми мазкур беш аз 67 ширкатҳои калон ва хурду миёнаи Ҷумҳурии Туркманистон дар соҳаҳои омехта, истеҳсоли маҳсулоти қанноди, истеҳсоли асбобхои рузгор, истеҳсоли қаҳва, туризм, сохтмон, савдо, истеҳсолоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, истеҳсоли маҳсулоти канселярӣ, савдо, текстил, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти пластикӣ, ва ғайра иштирок менамоянд.
Бинобар ин, Палата шумоёнро барои иштирок намудан ба ин чорабинии муҳим даъват менамояд ва хоҳиш карда мешавад, ки дар муҳлатҳои кўтоҳтарин оид ба иштирок ва маълумотро оид ба ширкатњои ҳавасмандатон барои гузаронидани мулоќот ва ҳамзамон маълумотро оид ба имзо расонидани созишномаҳо, ёддоштои тафоҳум, шартномаҳо ва ғайра бо ширкатҳои ҳавасмандатон аз ҷониби Туркманистон ҷиҳати танзим намудан ба мо ирсол намоед.
Руйхати ширкаҳои ҷониби Туркманистон дар замима пешниҳод карда мешавад.
Тафсилоти бештарро метавонед аз шахси тамос Муниса Сатторӣ тариқи телефонҳои: (+992 37) 223-06-69 ва ё (+992) 98-887-05-75 дастрас намоед.