КОНСЕПСИЯИ РУШДИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТИИ НАЗДИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2021

Ташаккули муносибатҳои бозории иктисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти ислоҳоти демократи дар шаффофият ва мукаммалсозии системаи идоракунии иқтисодиёти Тоҷикистонро бидуни сармоягузории калони беруни тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Яке аз омилҳои ба бозори Тоҷикистон ворид гардидани сармоягузор мавҷуд будани шароити ҳалли баҳсҳои беруни хориҷи дар сурати ба миён омадани онҳо, ки ҳалли боихтисоси онҳоро талаб менамояд, мебошад. Ба туфайли беғарази, фаври ва басарфагии ҳалли баҳсҳо, арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар байни субъектони байналхалқии гардиши мол ва хизматрасони эътирофи зиёдро пайдо менамояд.
Бинобар ин, рушди механизми ҳалли беғаразонаи баҳсҳои ҳуқуқи хусусии беруни хориҷи дар Тоҷикистон – Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд аз руи матн АБТТ) яке аз омилҳои муҳим ҳангоми қабули қарори сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ мебошад. Бинобар он, ки Иттиҳоди Аврупо ва ИМА баҳсҳои тиҷоратиро бо содиргарони давлатҳои иштирокчиёни ИДМ аз руи қоидаҳои Ташкилоти Ҷаҳонии Савдо бо ҷалби арбитрони мустақил барраси менамоянд, ин омил хеле муҳим мебошад. Шаффофият дар танзими ҳуқуқии баҳсҳои тиҷоратӣ ҳангоми амалисозии лоиҳаҳои дарозмуддати сармоягузори обрую нуфузи ҷумҳуриро баланд менамояд.
Ҳамзамон бояд хотиррасон намуд, ки базаи меъёри-ҳуқуқие, ки мақоми ҳуқуқии АБТТ-ро муқаррар намуда муносибатҳои нави бозори –иқтисодиро ба танзим медарорад, ба аксари одамони дар ин раванд дарбаргирифта ношинос ва дастнорас мебошад. Ҳамзамон, сатҳи пасти умумии маърифати ҳуқуқи инчунин сатҳи пасти ҳуқуқиро дар байни субъектони фаъолияти соҳибкори низ мукаррар менамояд.
Бинобар ин, зарурияти ислоҳоти АБТТ бо мақсади ташкили сохтори дахлдори расонидани кумаки амалия дар соҳаи фаъолияти хусуси – соҳибкори аз мавкеъи ҳуқуқи ба миён меояд.
Маҷмуи чораҳои бо Консепсияи мазкур пешбинигардида ҷанбаҳои асосии зеринро дар бар мегирад:
1. маърифатнокии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асосҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкори;
2. омузонидани кормандони суд, хадамоти иҷрои санадҳои суди, адвокатҳо ва ҳуқуқшиносон оиди тартиби татбиқ намудани Конвенсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ»;
3. ислоҳоти сохтории АБТТ;
4. мониторинги амалисози;
5. пешбурди масъалаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав.
1. Маърифатнокии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асосҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкори
Дар доираи ҷанбаи мазкур ба ғайр аз ҳал намудани вазифаҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» муқарраргардида, Консепсия фаъолияти АБТТ-ро барои ҳал намудани вазифаҳои зерин равона менамояд:
– ташкил намудани мониторинги мустақили қонунгузории амалкунанда дар соҳаи фаъолияти соҳибкори;
– омузиши мустақили қонунгузории амалкунанда ва мувофиқатии он ба меъёрҳои байналҳалки дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкори;
– коркарди пешниҳодҳо оиди мутобиқсозии қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналхалки дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорон, масъалаҳои арбитражи байналхалқи тиҷорати ва конвенсияи Нью Йорк;
– коркарди пешниҳодҳо оиди ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани меъёрҳои ҳуқуқи – байналҳалки дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорон;
– омузиш ва ҷамъбасти таҷрибаи татбиқи ҳуқуқи оиди масъалаҳои арбитражи байналхалқи тиҷорати ва конвенсияи Нью- Йорк, инчунин коркарди тавсияи мустақим вобаста ба мукаммалсозии қонунгузори;
– омодасозии пешниҳодҳо оиди мукаммалсозии механизми татбиқи қонунгузории амалкунанда ва назорати иҷрои онҳо;
– иштирок дар пешниҳоди лоиҳаи қонунҳое, ки вазъи соҳибкоронро беҳтар менамоянд;
– маърифатнокии ҳуқуқии соҳибкорон бо роҳи омодасози ва нашри китобҳо, нашрияҳои даври, буклетҳо ва ғайра;
– пешниҳоди фаъолонаи АБТТ дар интернет, ташкили хати машварати, ташкили гуруҳи махсус дар интернет;
– ташкил ва гузаронидани тренингҳо оиди шиносоии соҳибкорон бо санадҳои нави меъёри ҳуқуқи, маводҳои методи – маълумоти;
– омодасози ва нашри маводҳои маълумоти – методи вобаста ба масъалаҳои арбитражи байналмиллалии тиҷорати ва конвенсияи Нью-Йорк.
– ба шунавандагон пешниҳод намудани бастаи қонун ва санадҳои меъёрии навқабулгардида.
2. Омузиши кормандони судҳо, хадамоти иҷрои санадҳои суди, адвокатҳо ва ҳуқуқшиносон оиди тартиби татбиқи конвенсияи Нью – Йорк ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ»
Азбаски қарорҳои арбитражи хориҷи тавассути судҳои иқтисоди иҷро мегарданд, судяҳо ва кормандони хадамоти иҷрои санадҳои суди бояд омузиши дахлдори дарки механизми таъмини иҷро ё рад намудани иҷроро тибқи Конвенсия гузаранд.
Кормандони дигар судҳо инчунин бояд оиди масъалаҳои Арбитражи байналмиллалии тиҷорати ва Конвенсияи Нью – Йорк омузонида шаванд, чунки ин судҳо ба ҳолате рубару мегарданд, ки тараф ё тарафҳо ба таври иштибоҳ барои ҳалли баҳсҳо аризаро на ба судҳои арбитражи балки ба судҳои милли пешниҳод менамоянд.
Масрафи гузаронидани чунин омузишҳо қисман ё пурра аз тарафи донорҳо ҷуброн мегардад.
1. Азнавсозии сохтори АБТТ.
Консепсия тағйири сохтори идораи АБТТ-ро бо роҳи супоридани ваколатҳо аз ҷонишини Раис ба минтакаҳо пешбини менамояд. Дар давраи аввал дар вилояти Суғд лоиҳаи пилотӣ гузаронида мешавад, ки дар он шахси ба сифати муовини Раис интихоб гардида фаъолиятро вобаста ба ҷори намудани Конвенсияи мазкурро амали мегардонад. Диққати махсус бояд ба минтақаҳои озоди иқтисоди ҷудо карда шавад. Вобаста ба муввафақ будани лоиҳаи пилоти, бо назардошти натиҷаҳои мусби таҷрибаи мазкур дар вилояти Хатлон ва ВМКБ ҷори мегардад.
Инчунин, зарурияти азнавсозии Регламенти АБМТ вуҷуд дорад, ки дар он масъалаҳои татбиқи Конвенсияи Нью-Йорк оиди эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражи хориҷи ва қонун оиди арбитражи байналмиллалии тиҷорати ЮНСИТРАЛ пешбини мегардад. Регламенти мазкур бояд ба Регламенти арбитражии ЮНСИТРАЛ мувофиқ бошад. Хусусан, дар қисми асосноккуни ва хулосавии ҳалномаи арбитражи арбитр бояд ҳатман ба моддаҳои дахлдори Конвенсияи дар боло қайдгардида ва қонун оиди арбитражи байналмиллалии тиҷорати ЮНСИТРАЛ –ро дастраси намояд.
Регламент бояд бо чораҳои мурофиавии ҳамкории байналмиллали, шарҳдиҳии чораҳои таъминоти ва инчунин азнав дида баромадани ҳаҷми боҷи бақайдгири ва дигар боҷҳо ба тарафи камкуни пурра карда шавад.
2. Мониторинги амалисози.
Таҳлил нишон дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи баҳисобгирии омор ва маълумотҳо оиди шумораи ҳалномаҳои арбитражии ба мамлакати мо равона гардида вуҷуд надорад.
Дар робита бо ин ҷамъбасти таҷрибаи суди ва баҳисобгирии иҷроиши ҳалномаҳои арбитражи хориҷи дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебуд. Бинобар он, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ба қонун оид ба арбитражи байналмиллалии тиҷорати ЮНСИТРАЛ мувофиқат намекунад, дар давлатҳои хориҷи иҷро намудани ҳалномаҳои арбитражии дар Тоҷикистон қабулгардида ғайриимкон мебошад.
Яъне, дар амал Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ҳалномаҳои арбитражии зиёда аз 150 давлати хориҷиро дар ҳудуди худ иҷро намуда, дар навбати худ, соҳибкорони мо аз ҳимояи худ дар арбитражи милли ва иҷрои ҳалномаҳои он дар дигар давлатҳо маҳрум мебошанд.
Кабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав ба ҳукумат имконияти таъмини татбиқи дахлдори дутарафаи ҳуқуқи соҳибкоронро имкон медиҳад.
3. Пешбурди масъалаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав.
Бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Точикистон аз 15 июни соли 2017, № 17/37-10 гуруҳи кори байниидорави оиди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» таъсис гардида буд.
Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2018 № 01-4/306 ва №37259 хулосаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаҳои ҳуқуқи оиди зарурияти коркарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав омода гардида буд.
Бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2018 № 17/57 розиги гирифта шуда, ҳайати гуруҳи кори оид ба таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ»дар таҳрири нав тасдик гардид. Лоиҳаи қонуни аз тарафи муассисаҳои манфиатдор омодашуда ва мувофиқа гардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 2019 № 17/10-88 ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон оиди беҳтар гардонидани лоиҳаи қонун ва тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷроиш пешниҳод намудан супориш дода шуд.
Муттаасифона, лоиҳаи қонун то ҳол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нагардидааст.
Бинобар ин, Консепсияи мазкур пешбурди масъалаи кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири навро бо мақсади эътирофи АБТТ, таъмини дастрасии судии арбитражи, ягонакунии қонунгузории мурофиави ва зиёд гардидани шумораи роҳҳои алтернативии ҳалли баҳсҳо дар Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.
ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL