Раҷабов Ҳайдар Усманович
Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҷабов Ҳайдар Усманович санаи 6 августи соли 1978 дар ш. Душанбе ба дунё омадааст.
Соли 1995 мактаби миёнаи №14 –и шаҳри Душанберо хатм кардааст;
Аз соли 1995 то 2000 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, факультети «Соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент» таҳсил намуда, онро бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ хатм намудааст.
Соли 2008 Академияи давлатии моликияти зеҳнии Россияро хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ:
2003 — 2007 – Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”, Сардори шуъбаи шартномаҳои литсензионӣ ва хизматрасониҳои патентӣ;
2007 — 2008 – ҶСК “Телерадиоком”, Муҳандис оид ба системаҳои иттилоотӣ;
2008 — 2010 – Маркази омӯзиши технологияҳои иттилоотии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил, Муовини роҳбар;
2010 — 2012 – Маркази омӯзиши технологияҳои иттилоотии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил, Роҳбар;
2012 — 2013 – Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”, Сардори шуъбаи автоматикунонӣ;
2013 — 2015 – Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”, Сардори шуъбаи феҳристҳои давлатии объектҳои моликияти саноатӣ;
2015 — 2022 – Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”, Сардори Раёсати феҳристҳои давлатӣ ва нашриёт;
Аз январи соли 2022 – Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.