ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

27 июли соли 2026 дар шаҳри Минск дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Мятликов Михаил Михайлович баргузор гардид. Зимни суҳбат, ки дар фазои озод сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои дуҷониба, имзои шартномаҳои тиҷоратӣ ва қадамҳои стратегиро ҷиҳати низоми фаъолсозии фаъолияти Шӯрои кории муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар тамоюли рушдро касб намуда, ҳаҷми гардиши савдо миёни кишварҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфт.

Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки сарфи назар аз нишондиҳандаҳои мусбат, иқтидори воқеии содиротии Тоҷикистон пурра истифода нашудааст ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки занҷираҳои тиҷоратиро ба самти ҳамкориҳои амиқи саноатӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак равона созанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд изҳор доштанд.

Мулоқоту музокироти дар доираи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ банақшагирифташуда идома доранд. 

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд