Озмуни ТОП-35 - ТПП Республики Таджикистан

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОП-35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ — 2026"

Дар бораи озмун

Озмуни ҷумҳуриявии "ТОП-35 шарики боэътимоди сол" аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ

1 Намунаи аризаи пуркардашуда дар бланки расмии корхона;
2 Нусхаҳои сертификатҳои стандартҳои байналмилалӣ (ба монандӣ: ISO, HACCP, HALAL, GLOBAL GAP ва ғайра);
3 Маълумоти мухтасар оид ба корхона бо нишон додани (соли таъсисёбӣ, самти фаъолият, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ, корҳои иҷрошуда ва/ё хизматрасониҳои пешниҳодшуда, кишварҳои содиротшаванда ва ғайра);

Низомнома

НИЗОМНОМА

дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП-35 шарики боэътимоди сол»

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур тартиби ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП-35 шарики боэътимоди сол»-ро муайян менамояд.

2. Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП-35 шарики боэътимоди сол» (минбаъд — Озмун) аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Ташкилкунандагон ҳуқуқ доранд дар давоми соли баргузории озмун ба низомномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид намоянд.

3. Озмуни мазкур бо мақсади таҳкими нуфуз ва эътибори соҳибкорони ватанӣ дар миёни доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, муаррифии дастовардҳои фаъолияти онҳо, инчунин тақвият бахшидан ба нақши соҳибкории хурд ва миёна дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

4. Озмун дар як сол як маротиба баргузор карда мешавад.