Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон - ТПП Республики Таджикистан
Фарҳанг
Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон
Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Санаҳои 16-24 декабри соли 2025, дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, дар шаҳрҳои Исломобод ва Лаҳор Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Истеҳсоли Тоҷикистон" (Made in Tajikistan) баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар доираи ин намоишгоҳ вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои B2B байни ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва покистонӣ доир гардиданд. 

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати калони фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, аз ҷумла ду ширкати аъзои Палата - ҶДММ "Хизмат-1" ва ҶДММ "Юсуф тиҷорат" –ро ҷиҳати пайдо кардани шарикони рушд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафарбар намуд.


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд