МИССИЯИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭСТОНИЯ - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
МИССИЯИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭСТОНИЯ
МИССИЯИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭСТОНИЯ

Дар Душанбе форуми дуҷонибаи соҳибкорӣ баргузор гардид

21 апрели соли 2026 дар доираи ҳамкориҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Эстония Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Эстония баргузор гардид.

Дар кори форум 8 ширкати эстонӣ ва зиёда аз 40 ширкати ватанӣ, ки дар самтҳои металлургия, металлҳои ранга ва коркарди партовҳои металлӣ, технологияҳои IT, логистика, саноати чӯб ва коркарди он, инчунин истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва шоколад фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Форум ҳамчун платформаи муассир барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ, табодули таҷриба ва баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба хизмат намуд.

Дар доираи чорабинӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Эстония ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин, барои намояндагони ҳайати Эстония боздидҳои сайёри соҳибкорӣ ба як қатор корхонаҳои пешқадами кишвар, аз ҷумла: IT-Park Dushanbe, ҶДММ «Рухом», ҶДММ «Шоколатье», қаннодии ҶДММ «555 МПК», корхонаи ҶДММ «Оҳангудоз», ҶДММ «Avas Zafaron» ва КВД «Почтаи тоҷик» ташкил карда шуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ


Хабарҳои монанд