Санаҳои 04 июни соли 2026 дар бинои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Палата) семинар-машварат дар мавзӯи соддагардони расмиёти савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор карда шуд.
Семинар машварати болозикр аз ҷониби Палата дар якҷоягӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар семинари мазкур Муовини якуми Раиси Палата Анваров Насимҷон Наимович, намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии сафири Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти намояндагии Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бартсаев Александр Викторович, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рибас Александр Леонидович, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ содироткунандагон ва воридоткунандагони молу маҳсулот аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз/ба Федератсияи Россия ва дигарон иштирок намуданд.
Дар семинар-машварати болозикр дар бораи имконияти истифодаи сабукиҳое, ки дар Созишномаҳо оид ба эътирофи мутақобилаи ниҳодҳои Операторони ваколатдори иқтисодӣ ва дар бораи Корридори соддакардашудаи гумрукӣ бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Президенти Федератсияи Россия Владимир Владмирович Путин баҳри афзоиш додани гардиши мол байни Тоҷикистон ва Россия пешбинӣ шудаанд аз ҷониби Вашурин Сергей Николаевич, сармутахассис-эксперти Намояндагии хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Ҳамзамон, вобаста ба имкониятҳо ва сабукиҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномҳои дуҷониба пешниҳод менамояд, намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал иро намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа саволу ҷавобҳои озод байни содироткунандагон ва воридоткунандагони молу маҳсулот аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз/ба Федератсияи Россия ва намоядагони намояндагии Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта мавзӯи мубрам оид ба соддагардонии расмиёти савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия матраҳ карда шуд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ