10 июни соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Мудири минтақавӣ оид ба Аврупо ва АвруОсиёи Маркази соҳибкории хусусии байналмилалии назди Палатаи савдои Амрико (CIPE) Наталия Отел Белан баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳо дар самти бахши хусусӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва CIPE мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раҳмонализода Ф. Р. дар оғози вохӯрӣ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар бахши таҳкими дипломатияи иқтисодӣ ва густариши заминаҳои савдои байналмилалӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидаанд.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин масъалаи баргузории Форуми навбатии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби «С5+1» соли 2027 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки Раиси Палата омодагии худро барои мусоидат изҳор дошт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати фаъол сохтани ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸