ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» - ТПП Республики Таджикистан
Тандурустӣ
ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»
ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026»

Аз 18 то 20 июни соли 2026 дар Маркази байналмилалии ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» баргузор мегардад.

Ташкилкунанда: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дастгирии: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Покистон, Эрон, ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.

Дар доираи намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббӣ ва асбобҳои тиббӣ, инчунин ширкатҳои фарматсевтӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Клиникаҳо ва осоишгоҳҳо хизматрасониҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард. Иштирокчиён ва меҳмонон инчунин метавонанд бо платформаи IT — замимаи мобилӣ, ки ҳамчун хидмати онлайн барои ҷустуҷӯи доруворӣ фаъолият мекунад, шинос шаванд.

Истеҳсолкунандагон ва дистрибюторҳои ватанӣ ва хориҷии маҳсулоти косметикӣ навъҳои гуногуни воситаҳои нигоҳубинӣ ва косметикаи ороиширо пешниҳод хоҳанд намуд.

«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026» пеш аз ҳама як платформаи самараноки B2B ба ҳисоб меравад. Барои ширкатҳои хориҷӣ иштирок дар намоишгоҳ имконияти дарёфти дистрибюторҳои боэътимод ва арзёбии иқтидори тиҷоратии бозори Тоҷикистонро фароҳам меорад. Дар доираи барномаи корӣ мулоқотҳо, рӯнамоӣ ва машваратҳо бо иштироки мутахассисони пешбари соҳа баргузор хоҳанд шуд.

Намоишгоҳ ҳам барои мутахассисони соҳа (табибон, косметологҳо, соҳибкорон) ва ҳам барои доираи васеи шаҳрвандоне, ки ба тамоюлҳои тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳ доранд, боз хоҳад буд.

Меҳмонон метавонанд маҳсулоти соҳаи зебоӣ ва нигоҳубини шахсиро бо нархҳои тахфифӣ дастрас намоянд.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ, сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба боздиди Намоишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва зебоӣ даъват менамоем!

Соатҳои кори намоишгоҳ:

• 18 июн: аз соати 10:00 то 17:00

• 19 ва 20 июн: аз соати 09:00 то 18:00

Суроға: шаҳри Душанбе, Маркази ЭКСПО, кӯчаи Ганҷавӣ 1 (баъди Варзишгоҳи Фрунзе)

Маълумоти иловагӣ тавассути телефон: (+992) 000 888 810

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Хабарҳои монанд