Дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанӣ аз 23 то 25 июн дар Форуми байналмилалии энергетикӣ, ки дар шаҳри Тачэни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни Форум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияҳои палатаҳои савдо ва саноати Чин, Муғулистон, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории мутақобила ба имзо расид. Ҳамчунин, ширкатҳои ватанӣ бо шарикони хориҷӣ оид ба рушди ҳамкорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи энергетика ба мувофиқа расиданд.
Аз 25 то 29 июн 16 ширкати ватанӣ, ки бахшҳои энергетика, тиб, дорусозӣ, сохтмон, истеҳсоли мебел ва дигар соҳаҳоро намояндагӣ менамоянд, дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2026»-и АвруОсиё дар шаҳри Шинчони Урумчи иштирок намуданд.
Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои B2B ва боздид аз корхонаҳои бузурги истеҳсолии Шинҷон баргузор гардида, оид ба таъмини таҷҳизот, рушди ҳамкорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав мувофиқаҳо ба даст оварда шуданд.
Ҳамчунин, байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз бузургтарин ширкатҳои энергетикии Чин — «MSTN Tehnologies Co ., Ltd» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам меорад.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸