ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ»
Маълумоти асосӣ
Формат ва ташкилоткунанда
Тавсифи чорабинӣ
Ба диққати ҳамаи соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилотҳои хизматрасон расонида мешавад, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ»-ро дар соли 2026 дар арафаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.
Иштирокчиён метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тибқи талаботи пешбининамудаи Кумитаи тадорукотии озмун то 20 июли соли 2026 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар суроғаӣ: шаҳри Душанбе, кучаи Валаматзода 21 ё дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронии мазкур ozmuncci.tj@gmail.com пешниҳод намоянд.
Барои иштирок дар Озмун пешниҳод карда шаванд аз ҷумла:
1. Намунаи аризаи пуркардашуда дар бланки расмии корхона;
2. Дар ҳолати мавҷуд будан, пешниҳоди нусхаҳои сертификатҳои стандарҳои байналмилалӣ (ба монандӣ: ISO, HACCP, HALAL, GLOBAL GAP ва ғайра);
3. Пешниҳоди маълумоти мухтасар оид ба корхона бо нишон додани (соли таъсисёбӣ, самти фаъолият, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ, корҳои иҷрошуда ва/ё хизматрасониҳои пешниҳодшуда, кишварҳои содиротшаванда ва ғайра);
Барои дастрас намудани намунаи ариза ва номгӯи ҳуҷҷатҳои лозима метавонед ба рақамҳои тамоси дар поён нишон додашуда, муроҷиат намоед.
Маълумот барои тамос:
Тел.: 2271360;
Моб/WhatsApp: +992900245566; +992905303837;
ДАТА ПРОВЕДЕНИЯ КОНКУРСА ПРЕДВАРИТЕЛЬНАЯ!