БАРГУЗОРИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИЮ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПАЙВАНДГАР” - ТПП Республики Таджикистан
Ҷамъият
БАРГУЗОРИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИЮ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ  ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПАЙВАНДГАР”
БАРГУЗОРИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИЮ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПАЙВАНДГАР”

25 феврали соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастию-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ПАЙВАНДГАР” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шоҳмансур Содиқиён Умед Алимаҳмад, роҳбарият ва аҳли кормандони Палата аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

1. Шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

2. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ПАЙВАНДГАР” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

3. Интихоби Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ПАЙВАНДГАР”;

4. Интихоби муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ПАЙВАНДГАР”;

5. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

6. Тасдиқи Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ПАЙВАНДГАР”-и ҲХДТ барои соли 2026;

7. Тасдиқи Нақшаи корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз ҷониби Роҳбарият масъалаҳои рӯзнома баррасӣ карда шуда, вобаста ба масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҳамзамон, масъалаи асосии рӯзнома - интихоби Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ПАЙВАНДГАР” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ аз ҷониби аъзоён Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ПАЙВАНДГАР” интихоб гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа як қатор кормандони фаъол бо Сипоснома аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Каримзода Нилуфар қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд