ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД - ТПП Республики Таджикистан
Ҷамъият
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

7 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» таҳти ҳамраисии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Туркманистон Гурдов Мерген Меретдурдиевич ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи амалии тавофуқоти роҳбарони олии ҳарду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов доир шуд.

Дар кори ҷаласа ҳайати беш аз 35-нафараи ваколатдори Туркманистон, ки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираи васеи бахши хусусӣ, аз қабили роҳбарият ва намояндагони 20 ширкату корхонаҳои пешсафи Туркманистонро дар бар мегирифт, ташриф оварданд. 

Аз ҷониби Тоҷикистон дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди сайёҳӣ ва Хадамоти гумрук, роҳбарияти палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин доираҳои васеи бахши хусусии кишвар, аз ҷумла аъзоёни Палата иштирок намуданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раҳмонализода Ф. Р. оғоз намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов имрӯз муносибатҳои дӯстона ва иқтисодии байни кишварҳо ба сатҳи сифатан нав баромада, заминаҳои мусоид барои воридоти сармояи калони хориҷӣ ва рушди бахши хусусӣ фароҳам омадаанд.

Раҳмонализода Ф. Р. оиди фаъолияту дастовардҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолати кунунии ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба сӯханронӣ намуда, қайд кард, ки сарфи назар аз тамоюли баланди рушди савдои дуҷониба, иқтидори зиёди истифоданашуда ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми он миёни кишварҳо мавҷуд аст.

Гурдов М. М. дар рафти суханронии худ аз пазироии самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии комили доираҳои соҳибкории Туркманистонро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ва истифодаи самарабахши имкониятҳои ин Шӯрои корӣ устувор хонд Инчунин таъкид намуд, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ, кимиёвӣ ва логистикии Туркманистон ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои мустақим бо соҳибкорони тоҷик ва роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд.

Тибқи барномаи баргузории ҷаласа намояндагони кишвари мо имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, имтиёзҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) ва имкониятҳои соҳаи сайёҳиро ба таври муфассал тариқи рӯнамо муаррифӣ намуда, ҷониби Туркманистон низ тариқи рӯнамоҳои соҳавӣ иқтидори нақлиётиву логистикӣ ва сармоягузории кишвари худро ба иштирокчиён манзур намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар вохӯриҳои мустақими самараноки B2B баргузор гардиданд.

Чорабиниҳои дар доираи ҷаласаи дувуми Шӯрои кории Тоҷикистону Туркманистон банақшагирифташуда идома доранд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд