11-14 марти соли 2026 бо мусоидати Палатаи савдо ва саноат сафари ҳайати соҳибкорони вилояти Пензаи Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд.
Бо 5 ширкатҳои русии ташриф оварда вохӯриҳои дуҷонибаи В2В бо иштироки 25 ширкати ватанӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯриҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ширкатҳо баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати мазкур бо мақсади шиносоӣ аз як қатор ширкатҳои Тоҷикистон боздид намуданд, аз ҷумла, ширкатҳои фармасевтика ҶДММ "Сифат Фарма" ва ҶДММ "Исмоил Фарм", ширкати сохтмонии "Строй Рем, ширкати мебелии "Монолит", инчунин Коҳи ҷавоҳироти "Тоҷик Кристалл" ва "Ақиқа".
Вохӯриҳо ба рушди шарикӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Россия равона гардидаанд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ