НАМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
НАМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН
НАМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН

26-27 марти соли 2026 Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон Палатаи савдо ва саноат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати кишоварзӣ бо намояндагони Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро ташкил ва баргузор намуданд.

Намоишгоҳи мазкурро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кудратов Лазиз Шавкатович ифтитоҳ намуданд.

Дар намоишгоҳ беш аз 80 корхона ва ширкатҳои саноатии Тоҷикистон дар самтҳои саноати ҳӯрокворӣ, сабук, масолеҳи сохтмонӣ, электротехника, таҷҳизоти маишӣ, инноватсионӣ, мебел, таҷҳизоти тиббӣ, фармосевтӣ, кимиё, заргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар доираи намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзии ду кишвар низ ба намоиш гузошта шуд.

Дар доираи чорабинӣ форумҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон (B2B) барои табодули таҷриба, рушди робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоя баргузор гардид.

Намоишгоҳро соҳибкорону сармоягузорон ва меҳмонони зиёде аз кишвари ҳамсоя дидан намуда, бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯриҳо анҷом доданд.

Мақсад аз баргузории Намоишгоҳ густариши равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, ҷалб намудани соҳибкорону сармоягузорон ва ташкили корхонаҳои муштарак ба шумор меравад.

Намоишгоҳ қадами муҳим дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории иқтисодию саноатии ду кишвар ба шумор меравад.


Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд