9 феврали соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Палата бо ҳайати Ҷумҳурии Кения баргузор гардид.
Ба ҳайати Ҷумҳурии Кения намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои давлатӣ шомил буданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбари ширкати «Помирэнергосервис» иштирок намуданд.
Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Х.У., меҳмононро бо фаъолияти Палата ошно карда, самтҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла дар соҳаи иқтисоди «сабз», муаррифӣ намуд. Ҳамзамон маълумоти муфассал оид ба фазои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои пешбинишуда барои сармоягузорон пешниҳод гардид.
Ҳамчунин фаъолияти Кумитаи рушди тиҷорати «сабз» назди Палата, ки бо ташаббуси он вохӯрии мазкур ташкил гардид, ба ҳозирин ироа карда шуд.
Намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Кения дар навбати худ дар бораи кишвари худ ва фаъолияти бахши хусусӣ маълумот доданд ва барои густариши робитаҳои корӣ бо соҳибкорони Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кения ба мувофиқа расиданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ