12 феврали соли 2026 ҷаласаи ғайринавбатии Анҷумани 9-уми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷумъахонзода Ҷамшед, муовинони роҳбарони вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва аъзои Анҷуман баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи асосии рӯзнома - интихоби Раиси Палатаи савдо ва саноат, инчунин нақшаҳо барои солҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ аз ҷониби иштирокчиёни Анҷуман якдилона Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ