17 феврали соли 2026 Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии шаҳри Теҳрон ҷаноби Маҳмуд Наҷафи Араб ва ҳайати намояндагони ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрӣ баргузор намуд.
Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаи сохтмон ва дорусозӣ иштирок доштанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба ташкили миссияҳои соҳибкорӣ аз ҳар ду кишвар, иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои мустақими байни доираҳои соҳибкорӣ табодули назар намуданд.
Қайд гардид, ки дар соли 2025 гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба 483,9 миллион доллари ИМА баробар гардидааст. Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштараки палатаҳои савдо ва ҷомеаи соҳибкории ду кишвар ҳамкориҳои иқтисодӣ ба сатҳи боз ҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд.
Ҳамзамон ба меҳмонон доир ба фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти лозима пешниҳод гардида, соҳибкорони эронӣ барои иштирок дар намоишгоҳҳо ва форумҳои байналмилалии дар Тоҷикистон банақшагирифташуда дар соли 2026 даъват карда шуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ