Санаи 20 феврали соли 2026 вохӯрии Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон бо ҳайати тиҷоратии иборат аз намояндагони ширкати Gyeonggi-do Co., Ltd - и Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Зимни мулоқот ба меҳмонон имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳои фазои соҳибкорӣ, инчунин тартиби кушодани хонаи савдо дар шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд.
Ҳамзамон, ҳайати Корея барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои иқтисодии дар соли 2026 ба нақша гирифташуда, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ “INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2026”, ки рӯзҳои 23–25 апрели соли 2026 баргузор мегардад, даъват карда шуданд.
Дар фарҷом ба меҳмонон флеш-карти «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон» бо мақсади дастрас намудани маълумоти муфассал оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва тартиби таъсиси корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ