Вохӯрии кории Раиси Палатаи савдо ва саноат бо соҳибкорон-аъзоёни Палата дар вилояти Суғд - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
Вохӯрии кории Раиси Палатаи савдо ва саноат бо соҳибкорон-аъзоёни Палата дар вилояти Суғд
Вохӯрии кории Раиси Палатаи савдо ва саноат бо соҳибкорон-аъзоёни Палата дар вилояти Суғд

Раиси Палатаи савдо ва саноат Раҳмонализода Фарҳодшоҳ дар доираи сафар ба вилояти Суғд 23 феврали соли 2026 бо соҳибкорон-аъзоёни Палата дар вилояти Суғд вохӯрии корӣ доир намуд.

Қабл аз оғози суханронии худ, Раҳмонализода Фарҳодшоҳ ҳозиринро бо 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард.

Дар рафти вохӯрӣ Раҳмонализода Ф. Р. аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯз дар асоси ин дастгириҳои фароҳамгардида саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсолоти молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, қайд кард, ки дар соли сипаригашта дар қаламрави кишвар 396 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2422 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 66,7 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 22,1 фоизро ташкил дод.

Дар баробари ин, дарҷ карда шуд, ки Палатаи савдо ва саноат ҳамчун калонтарин ташкилоти муттаҳидкунандаи бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, ҳамтоёни худ ва шарикони рушд ҷиҳати рушди фаъолияти бахши хусусии кишвар чорабиниҳои мухталифро ба монанди бизнес-форумҳо, бизнес-миссияҳо, намоишгоҳҳо – ярмаркаҳо, семинару тренингҳои омӯзишӣ ва ғайра дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор намояд.

Инчунин, дар фарҷоми вохӯрӣ Раҳмонализода Ф. Р. ба соҳибкорон барои ҳамкориҳои босамари муштарак изҳори миннатдорӣ карда, омодагии Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати барраси пешниҳодҳои аъзоёни Палата доир ба рушди минбаъдаи соҳа ва дастгирии манфиатҳои онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар баён намуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд