ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ ПАЛАТАҲОИ САВДО ВА САНОАТИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ ПАЛАТАҲОИ САВДО ВА САНОАТИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ
ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ ПАЛАТАҲОИ САВДО ВА САНОАТИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ

26 феврали соли 2026 ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Зимни ҷаласа иштирокчиён оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли гузашта мубодилаи афкор намуда, лоиҳаи Нақшаи кории Шӯро барои соли 2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин пешниҳодҳо ҷиҳати амалисозии тадбирҳое, ки ба таҳкими ҳамкории байнипалатавӣ, густариши робитаҳои доираҳои тиҷоратии кишварҳои узви ИДМ ва ҷалби сармоягузорӣ равона шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2026 раёсати Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати ИДМ ба зиммаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус вогузор шудааст. Дар соли 2025 роҳбарии Шӯрои мазкурро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.

Ҳадафҳои асосии Шӯро рушди ҳамкориҳо байни палатаҳо, баланд бардоштани нақши палатаҳои савдо ва саноат дар пешбурди рушди муштараки инноватсионӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, фаъолгардонии фаъолияти намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо, ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ, густариши ҳамкории байниминтақавӣ ва фаромарзӣ, рушди механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи соҳибкорӣ мебошанд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд