13 марти соли 2026 вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханули баргузор гардид.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти густариши робитаҳои мустақими байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро таъкид намуданд.
Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши савдои байни ду кишвар 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо зарурати татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарони давлатҳоро ҷиҳати расонидани ҳаҷми савдои дуҷониба то ба 2 миллиард доллар то соли 2030 таъкид намуданд.
Дар ин замина Раиси Палата масъалаи фаъол гардонидани Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистонро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои баргузор намудани ҷаласаи чоруми Шӯрои соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2026 иброз намуд.
Инчунин дар рафти вохурӣ Раиси Палата намояндагони тиҷоратии Қазоқистонро барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии “Inter Health & Beauty Tajikistan 2026”, ки моҳи апрели соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни Палатаҳои савдо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ва дар ин замина густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ иброз намуданд.