6 майи соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аленка Суҳадолник баргузор гардид.
Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Словения вориди марҳилаи нави рушд гардидаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки гардиши савдои дуҷониба тӯли солҳои охир тамоюли рушдро касб намудааст. Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки иқтидори воқеии ду кишвар барои тавсеаи савдо ва сармоягузорӣ хеле зиёд мебошад.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ Раиси Палата оид ба таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Словения ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои мустақими B2B, ҷалби ширкатҳои пешрафтаи дорусозии Словения барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз», технологияҳои баланд ва рақамикунонии иқтисодиёт даъват ба амал овард.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амалӣ ва иштироки доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистону Словения изҳор доштанд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ