Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ рӯзҳои 21-22 майи соли 2026 дар шаҳри Боку вохӯрии дуҷонибаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Раиси Агентии рушди соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Озарбойҷон (KOBİA) Орҳан Мамедов баргузор гардид.
Раҳмонализода Ф. Р. зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати дӯстона ва созандаи сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев робитаҳои иқтисодии ду кишвар ба марҳилаи нави стратегӣ қадам гузоштанд. Қайд карда шуд, ки заминаи асосии ҳамкориҳоро миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KOBİA Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ташкил медиҳад, ки он 5 апрели соли 2023 ба имзо расида буд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо суръати баланди гардиши савдои дуҷонибаро дар соли 2025 ва рушди онро дар семоҳаи аввали соли 2026 баланд арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки то ҳол миёни ҷонибҳо иқтидори зиёди истифоданашудаи иқтисодӣ мавҷуд мебошад.
Раиси Палата аз ҳамтои худ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо истифода аз низоми имтиёзноки сармоягузорӣ ва андозӣ даъват ба амал овард.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати табодули таҷриба, ташкили сафарҳои кории соҳибкорон ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки бахши хусусӣ баён доштанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸