26 майи соли 2026 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба нақлиёт ва логистикаи Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита оид ба рушди нақлиёт ва логистикаи назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кислякова Лариса Павловна ва коршиносони қисми миллии Шӯрои кории СҲШ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои таъсиси платформаи ягонаи электронии коммуникатсионӣ барои нашри мавод оид ба фаъолияти Гурӯҳи корӣ, санҷиши ҳамлу нақли контейнерӣ тавассути хатсайрҳои кишварҳои узви СҲШ, инчунин пешниҳодҳои ширкатҳоро оид ба роҳандозии ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Кислякова Л.П. пешниҳоди худро оид ба гузаронидани ҳамлу нақли байналмилалии озмоишии автомобилӣ тавассути хатсайрҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ мутобиқи “Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ” манзур намуд.
Иштирокчиёни Гурӯҳи корӣ пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намуда, онро барои баррасии минбаъда ба Протоколи ҷаласа ворид карданд.
Фаъолияти Гурӯҳи кории болозикр ба таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика, муайян намудани мушкилоти мавҷуда ва рушди ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии давлатҳои иштирокдори СҲШ равона гардидааст.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ