ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО САНОАТ БО ҲАЙАТИ ВАСЕИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО САНОАТ БО ҲАЙАТИ ВАСЕИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО САНОАТ БО ҲАЙАТИ ВАСЕИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

15 июни соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо ҳайати бузурги тиҷоратию сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон зери роҳбарии Раиси Палатаи муштараки савдои Эрону Тоҷикистон, Президенти Иттиҳодияи соҳибкорони Хуросони Разавӣ Муҳаммад Ҳусейн Рушанак баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони расмии Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон ва роҳбарони ширкатҳои пешқадами эронӣ дар бахшҳои нақлиёти байналмилалӣ (роҳи оҳан ва автомобилӣ), тиҷорати маҳсулоти агросаноатӣ, логистика, саноати кӯҳкорӣ ва коркарди ашёи хом иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳои тиҷоратиро баланд арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон соҳа ба соҳа босуръат рушд карда истодааст. Изҳор гардид, ки соҳибкорони ду кишвар ҷиҳати тавсеаи ин рақамҳо ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ҳавасмандии ҷиддӣ доранд.

Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо соҳибкорони эронӣ дар самтҳои воридоти технологияҳои муосири саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо истифода аз имтиёзҳои мавҷудаи сармоягузорӣ тақвият диҳад.

Муҳаммад Ҳусейн Рошанак омодагии Палатаи муштарак ва соҳибкорони Эронро барои сармоягузории мустақим ва табодули таҷриба дар соҳаҳои кишоварзии устувор ва содироти маҳсулоти саноатӣ иброз дошт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи якуми Шӯрои кории муштараки Тоҷикистону Эронро дар шаҳри Теҳрон давоми соли 2026 баргузор намоянд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда ба анҷом расид.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд