18 июни соли 2026 дар Маркази намоишгоҳии байналмилалии «Душанбе Экспо» маросими расмии кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN - 2026» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони расмӣ иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Намоишгоҳ зиёда аз 60 корхонаҳои ватаниву хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Покистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иштирок намуда, молҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Намоишгоҳро Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии Намоишгоҳ таъсиси як платформаи самарабахши B2B барои таҳкими робитаҳои мустақим, имзои шартномаҳои судманд ва воридоти технологияҳои нави тиббӣ ба кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар доираи ин ҳадафҳо, намоишгоҳи имсола соҳаҳои калидии тиб ва зебоиро ба таври маҷмӯӣ фаро мегирад. Иштирокчиён маҳсулоти муосири соҳаи таҷҳизоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои пешрафтаи клиникӣ ва системаҳои инноватсионии ташхисро пешниҳод карданд.
Ҳамзамон, бахши рақамикунонии тиб тавасутӣ платформаҳои муосири IT ва барномаҳои мобилии онлайнӣ барои ҷустуҷӯи доруворӣ ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, истеҳсолкунандагони ҷаҳонӣ маҳсулоти касбии нигоҳубинии пӯст, косметикаи ороишӣ ва платформаҳои муосири эстетикиро муаррифӣ намуда, бахши солимгардонӣ низ хизматрасониҳои умумии осоишгоҳҳо, санаторияҳо ва марказҳои солимии минтақавиро ба таври васеъ инъикос намуд.
Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои мустақими соҳибкорон дар шакли B2B ва ҳамоишҳои соҳавӣ дар назар дошта шудаанд, ки ба ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва тавсеаи шабакаҳои дистрибюторӣ кӯмак хоҳад кард.
Ҳамзамон, дар доираи намоишгоҳ маросими баимзорасонии як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ, аз қабили созишномаҳо миёни ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”, инчунин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ташкилоти ҷамъиятии “ФК Триумф” баргузор гардид.
Қайд бояд кард, ки чорабинии мазкур то 20 июн идома ёфта, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи хоҳишмандон ва соҳибкоронро барои боздид аз ин намоишгоҳи муҳим ба «Душанбе Экспо» даъват менамояд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸