19 июни соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Президенти Корпоратсияи кушодаи молиявию аксионерии «АФК Система»-и Федератсияи Русия Ситдеков Тагир Алиевич баргузор гардид.
Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии имкониятҳои сармоягузории конгломерати бузурги Русия дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои мустақими доираҳои кории ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Раҳмонализода Ф. Р. дар рафти вохӯрӣ ба меҳмонон дар бораи сохтори институтсионалии Палата ва фаъолияту дастовардҳои он маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Инчунин Раис омодагии Палатаро ҷиҳати расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба лоиҳаҳои сармоягузории АФК «Система» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Президенти АФК «Система» Тагир Ситдеков дар навбати худ изҳори сипос намуда, ҳавасмандии ҷиддии корпоратсияро барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунандаи ҳарду кишвар ва роҳандозии лоиҳаҳо дар самтҳои технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва рушди инфрасохтор изҳор дошт.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «АФК Система»-и Федератсияи Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда ба анҷом расид.
Маркази матбуоти ПCC ҶТ