Рӯзҳои 19 ва 20 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ва Ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакиров Мамасадик Сабирович бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки тӯли солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров марҳилаи нави рушдро касб намуда, дар натиҷаи тадбирҳои муштарак гардиши савдои мутақобилаи ду кишвар дар соли 2025 ва ибтидои соли 2026 бамаротиб афзоиш ёфт.
Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун механизми нави ҳамкории мустақими доираҳои соҳибкорӣ ба густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила мусоидат хоҳад намуд.
Дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар бо рӯнамоҳои соҳавӣ баромад намуданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва КВД «Тоҷинвест»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумот пешниҳод намуданд. Инчунин, дар рафти ҷаласа оид ба фаъолият, дастовардҳо ва нақши Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди бахши хусусӣ рӯнамои муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон низ вобаста ба фаъолияти Палатаи савдо ва саноат, имкониятҳои сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ рӯнамоҳои муфассал пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа Протоколи ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расида, байни намояндагони доираҳои соҳибкории ҳарду ҷониб, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон роҳбарони зиёда аз 10 ширкати пешқадам ҳузур доштанд, вохӯриҳои судманди B2B баргузор гардиданд.
Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи Шӯрои кории болозикр 20 июни соли 2026 барои ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Қирғизистон боздид аз корхонаҳои пешқадами кишвар, аз ҷумла ҶДММ «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Авас Заъфарон» ва ҶДММ «Арвис» ташкил карда шуд.
Зимни боздид меҳмонон бо иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии корхонаҳои ватанӣ аз наздик шинос шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳайати тиҷоратии Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи рӯзҳои баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN - 2026» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд ва дар маросими ифтитоҳи он иштирок намуда, бо маҳсулот ва иқтидори истеҳсолии ширкатҳои ватаниву хориҷӣ шинос гардиданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸