РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАЙАТИ ВАКОЛАТДОРИ ГУРӮҲИ ШИРКАТҲОИ «ФАЙСАЛ ХОЛДИНГ»-И ДАВЛАТИ ҚАТАР ВОХӮРӢ БАРГУЗОР НАМУД - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАЙАТИ ВАКОЛАТДОРИ ГУРӮҲИ ШИРКАТҲОИ «ФАЙСАЛ ХОЛДИНГ»-И ДАВЛАТИ ҚАТАР ВОХӮРӢ БАРГУЗОР НАМУД
РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ БО ҲАЙАТИ ВАКОЛАТДОРИ ГУРӮҲИ ШИРКАТҲОИ «ФАЙСАЛ ХОЛДИНГ»-И ДАВЛАТИ ҚАТАР ВОХӮРӢ БАРГУЗОР НАМУД

30 июни соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо роҳбари ҳайати ваколатдори гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Холдинг» — узви Шӯрои мудирони ширкати «Senyar Industries Qatar Holding» Шайх Сонӣ ибни Файсал Оли Сонӣ баргузор гардид.

Раҳмонализода Ф. Р. дар оғози вохӯрӣ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон бо Давлати Қатар ба сатҳи сифатан нав баромада, заминаҳои мусоид барои воридоти сармояи хориҷӣ фароҳам омадаанд.

Вохӯрии мазкур бо ҳадафи натиҷагирии сафари расмии қаблии Раиси маҷмӯи ширкатҳои «Файсал Холдинг» Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ ба Тоҷикистон доир гардид. 

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ташкиливу техникии марбут ба ифтитоҳи расмии Намояндагии гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Холдинг» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози сармоягузориҳои ин ширкати бонуфуз дар кишвари мо баррасӣ гардиданд. 

Раиси Палата қайд намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пули институтсионалӣ миёни Ҳукумат ва бахши хусусӣ, ки зиёда аз 1200 корхонаҳои пешқадамро муттаҳид месозад, омода аст ташаббусҳои сармоягузориҳои Қатарро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. 

Раиси Палата таваҷҷуҳи ҳайати ваколатдори Қатарро ба лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноати кӯҳкорӣ, рақамикунонӣ ва сохтмони маҷмааҳои муосири тиҷоратӣ ҷалб намуд. 

Шайх Сонӣ ибни Файсал Оли Сонӣ дар навбати худ аз пазироии самимии Палата изҳори миннатдорӣ намуда, баён дошт, ки гурӯҳи кории ваколатдор маҳз барои гузаронидани натиҷагирии амалии тавофуқот ва суръат бахшидан ба оғози лоиҳаҳои муштарак ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст. 

Таъкид гардид, ки конгломерати «Файсал Холдинг» тавассути Намояндагии навтаъсиси худ ният дорад ҳамкориҳои дарозмуддатро бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор сохта, бахши хусусии кишварро барои ворид шудан ба бозорҳои минтақавии Халиҷ дастгирӣ намояд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона, созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸

Хабарҳои монанд