9 июли соли 2026 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Ноиби Сафир ва Консули Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зинат Ханче баргузор гардид.
Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ, бахусус Британияи Кабир ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба тӯли солҳои охир тамоюли баланди рушдро касб намуда, то ҳол иқтидори зиёди истифоданашуда ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми он вуҷуд дорад.
Дар рафти вохӯрӣ Раиси Палата оид ба фаъолияту дастовард ва зерсохторҳои Палатаи савдо ва саноат маълумоти мушаххасу мухтасар пешниҳод намуд. Аз ҷумла, нишондиҳандаҳои назаррас, аз қабили ташкили бизнес-форумҳо, миссияҳои тиҷоратӣ, номоишгоҳҳои соҳавӣ дар дохилу хориҷи кишвар, иштироки фаъоли соҳибкорони ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар давлатҳои пешрафтаи дунё ва муаррифии маҳсулоти «Made in Tajikistan» муаррифӣ гардид.
Раиси Палата пешниҳод намуд, ки бо мақсади роҳандозии мунтазами миссияҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳои мустақими B2B барои ба даст овардани шартномаҳои воқеии тиҷоративу молиявӣ Шӯрои кории муштараки Тоҷикистону Британияи Кабир таъсис дода шавад.
Ноиби Сафири Британияи Кабир дар навбати худ аз пазироии самимии роҳбарияти Палата изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати баррасии ин пешниҳоди муҳим ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди минбаъда изҳор дошт.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸