Санадҳои меъёрӣ
Қонуни ПСС
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ САВДОИ САНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 655) Ҳамин Қонун асосҳои умумии ҳуқуқи, иқтисоди ва иҷтимоии фаъолияти Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, усулҳои муносибати мутақобилаи онро бо давлат муқаррар менамояд. Моддаи 1. Мафҳуми Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Палата) ташкилоти ғайридавлати ва ғайритиҷорати мебошад ва корхонаҳо ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Палатаи савдои саноати ҳамчун ташкилоти ғайридавлати ва ғайритиҷорати фаъолияти хоҷагидории худро танҳо вобаста бо иҷрои вазифаҳои оинномавии худ анҷом медиҳад ва фоидаи бадастомадаро дар байни аъзои худ тақсим намекунад. Палатаи савдои саноати шахси ҳуқуқи мебошад. Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи Палатаи савдои саноати Қонунгузори дар бораи Палатаи савдои саноати аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Амали ин Қонун ба аъзои Палатаи савдои саноати ҳангоми анҷом додани фаъолияте, ки бо узвият дар Палатаи савдои саноати вобаста намебошад, татбиқ намегардад. Номи "Палатаи савдои саноати" ва ибораҳое, ки дар асоси он сохта шудаанд, танҳо дар номи ташкилотҳое истифода шуда метавонанд, ки аз тарафи Палата мутобиқи муқаррароти ҳамин Қонун таъсис дода шудаанд. Дигар ташкилотҳо ҳақ надоранд, ки дар номҳои худ ибораҳои "палатаи савдои саноати", "палатаи савдо", "палатаи саноат"-ро истифода намоянд ва онҳо набояд бо номҳое, ки ин калимаҳоро дар ҳамин гуна ибораҳо дарбар мегиранд, ба қайди давлати гирифта шаванд. Моддаи 3. Мақсадҳо ва вазифаҳои асосии Палатаи савдои саноати 1. Палатаи савдои саноати фаъолияти худро бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамгироии он ба низоми хоҷагидории ҷаҳони, ташаккули зербинои муосири муносибатҳои бозаргони, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷи, танзими муносиботи соҳибкорон бо шарикони иҷтимоии онҳо, тараққии ҳамаҷонибаи соҳибкори, робитаҳои тиҷоратию иқтисоди ва илмию техникии соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони кишварҳои хориҷи анҷом медиҳад. Палатаи савдои саноати вазифаҳои асосии зеринро иҷро мекунад: - ба корхонаҳо, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо кӯмак мерасонад, онҳоро намояндаги мекунад ва манфиатҳои онҳоро оид ба масъалаҳое, ки ба анҷом додани фаъолияти хоҷагидори, аз ҷумла дар хориҷа вобастаанд, ҳимоя менамояд; - дар асоси шартномаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои асоси ҳуқуқи ва шаҳрвандони Тоҷикистонро дар соҳаи тиҷорати байналхалқи, моликияти саноати ва зеҳни амали мегардонад; - ба рушди ҳамаи навъҳои фаъолияти соҳибкори, бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои хоҷагии халқ ва корхонаҳо мусоидат мерасонад; - муносибати мутақобиларо дар байни субъектҳои фаъолияти соҳибкори, ҳамкории мутақобилаи онҳоро бо давлат дар симои мақомоти он, ҳамчунин шарикони иҷтимои ташкил мекунад; - вазифаҳои намояндагии аъзои Палатаро дар ташкилотҳои байналхалқии тиҷорати, молияви ва дигар созмонҳои иқтисоди анҷом медиҳад; - ба инкишофи низоми таҳсилот ва тарбияи кадрҳо барои фаъолияти соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мерасонад, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байнидавлати дар ин соҳа ширкат менамояд; - ба соҳибкорон, иттиҳодияҳо, иттифоқҳо, ассотсиатсияҳои онҳо хизматҳои иттилооти мерасонад, ба ташкили зербинои хизматрасонии иттилоотии соҳибкори мусоидат мекунад; - ба рушди содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ватани аз ҷумҳури мусоидат мекунад, ба корхонаҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон дар гузаронидани амалиёт дар бозори беруни ва аз худ кардани шаклҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисоди ва илмию техники кӯмаки амали мерасонад; - ҳайатҳои хориҷи, намояндагони доираҳои соҳибкорон ва миссияҳоро қабул мекунад, ба ҷустуҷӯи шарикон ва барқарор намудани робитаҳои кори мусоидат мерасонад, ҳамчунин барои соҳибкорони Тоҷикистон, ки ба дигар кишварҳо мераванд, чунин вазифаҳоро иҷро мекунад; - оид ба масъалаҳои фаъолияти соҳибкори ва фаъолияти иқтисодии хориҷи хизматҳои иттилоотию машварати мерасонад; - дар байни соҳибкорони Тоҷикистон ва шарикони хориҷи вазифаҳои миёнаравиро анҷом медиҳад; - бо палатаҳои савдо ва дигар ташкилотҳои ҳаммонанд дар хориҷа робитаҳо барқарор мекунад ва онҳоро инкишоф медиҳад, бо палатаҳо ва ташкилотҳои мазкур созишномаҳо мебандад, миссияҳо ва ҳайатҳои иқтисоди ва тиҷорати ташкил мекунад; - бо супориши ашхоси ҳуқуқи ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи оид ба сифат, назорати миқдор ва пуррагии молу маҳсулот экспертизаҳо мегузаронад; - таҳсил ва коромӯзии мутахассиcонро барои фаъолияти соҳибкори ва дигар навъҳои таҳсилро, аз ҷумла дар хориҷа ташкил мекунад; - доир ба тарҷума, аз ҷумла тарҷумаи шифоҳии асноди техники, маводи маълумотию рекламави ва дигар мавод хизмат мерасонад; - фаъолияти рекламавиро, ки барои иҷрои вазифаҳои палатаи савдои саноати ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аъзои он зарур аст, анҷом медиҳад, лоиҳаҳо тартиб медиҳад ва низоми намоишро барои соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи таъин мекунад, аломатҳои молу маҳсулот, нишонаҳои фирма, намунаҳои саноати ва дигар тарҳҳои ороиширо таҳия менамояд; - дар ҳудуди ваколатҳои доштааш дар мавриди роҳ надодан ба рақобати ғайрисолим ва шарикии ғайри қобили кори ва пешгирии онҳо тадбирҳо меандешад; - дар танзими баҳсҳое, ки дар байни корхонаҳо, соҳибкорон ба вуҷуд меоянд, кӯмак мерасонад. Палата ҳамчунин мутобиқи қонунҳо ва асноди қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳоро низ анҷом медиҳад. Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти Палатаи савдои саноати Палатаи савдои саноати фаъолияти худро дар асоси принсипҳои ихтиёри, баробарии аъзои он ва худидоракуни ба роҳ мемонад. Моддаи 5. Муносиботи мутақобилаи Палатаи савдои саноати бо мақомоти давлати Палатаи савдои саноати дар ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои худ бо мақомоти давлати ҳамкори мекунад. Давлат назоратро аз болои фаъолияти Палатаи савдои саноати дар асоси ҳамин Қонун ва дигар асноди қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Дахолати мақомоти давлати ба фаъолияти Палата, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қонунгузори пешбини шудаанд, мумкин нест. Моддаи 6. Таъсиси Палатаи савдои саноати Палатаи савдои саноати бо ташаббуси на камтар аз панҷ муассис таъсис дода мешавад. Муассисони Палатаи савдои саноати анҷумани (конференсияи) муассис ё маҷлиси умумиро даъват мекунанд, ки дар он Оиннома қабул карда ва мақомоти роҳбарикунандаи Палата таъсис дода мешаванд. Моддаи 7. Узвият дар Палатаи савдои саноати Ашхоси ҳуқуқи ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои онҳо аъзои Палатаи савдои саноати буда метавонанд. Узвият дар Палатаи савдои саноати ҳуқуқ медиҳад, ки аъзои он: дар қабули қарорҳо дар анҷуманҳо, дар кори дигар мақомоти Палата, ҳамчунин дар таъсиси мақомоти мазкур мутобиқи муқаррароти дар асноди муассис зикршуда ширкат намоянд; аз имтиёзот ва ҳуқуқе, ки дар асноди муассиси Палатаи савдои саноати пешбини шудаанд, истифода баранд. Моддаи 8. Оинномаи Палатаи савдои саноати Оинномаи Палатаи савдои саноати бояд нуқоти зеринро пешбини намояд: а) ном, мақсадҳо ва вазифаҳои Палата; б) шароит ва тартиби қабул ба узвияти Палата ва хориҷ шудан аз он; в) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои Палата; г) салоҳият ва тартиби таъсиси мақомоти роҳбарикунандаи Палата, мӯҳлатҳои ваколатҳои мақомоти роҳбарикунанда ва тартиби аз тарафи онҳо қабул шудани қарорҳо; д) манбаъҳои бавуҷудоии маблағҳо ва дигар амволи Палата ва тартиби истифодаи онҳо; е) сохтори Палата; ж) тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Палата; з) тартиби қатъи фаъолияти Палата; Дар Оиннома ҳамчунин муқаррароти дигар низ, ки ба фаъолияти Палатаи савдои саноати мансубанд, пешбини шуда метавонанд. Оинномаи Палатаи савдои саноати набояд бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад. Моддаи 9. Бақайдгирии давлатии Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бақайдгирии давлатии Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 655). Моддаи 10. Ҳуқуқи Палатаи савдои саноати Палатаи савдои саноати дорои тамоми ҳуқуқе, ки барои иҷрои мақсадҳо ва вазифаҳои он заруранд ва бо ҳамин Қонун ва Оинномаи он муайян карда шудаанд, мебошад. Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад, ки: 1) дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар асноди меъёри дар соҳаи иқтисод, амали намудани робитаҳои иқтисодии хориҷи, ҳамчунин доир ба масъалаҳое, ки ба манфиатҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкори дахл доранд, ширкат намояд; 2) манфиатҳои қонунии аъзои худро дар мақомоти давлати ва дигар мақомот намояндаги ва ҳимоя намояд; 3) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба корхонаҳо ва соҳибкорони ватани ва хориҷи дар патентонии ихтироот, колбадҳои муфид, намунаҳои саноати, бақайдгирии аломатҳои молу маҳсулот, нишонаҳои хизматрасони ва номгӯи ҷойҳои асли баромади молу маҳсулот кӯмак расонад; 4) ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа муомилот аз ҷумла муомилоти тиҷоратии хориҷи, кредити, вексели, амалиёт бо саҳмияҳо ва дигар коғазҳои арзишнок ва дигар амалиётро бо ашхоси ҳуқуқи ва воқеи анҷом диҳад; 5) ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа амволи манқул ва ғайриманқулро созад, харидори намояд, бегона кунад, ба иҷора гирад ва ба иҷора диҳад; 6) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи дар ҷумҳури кушодани намояндагиҳои палатаҳои савдо, ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳои соҳибкорон, ҳамчунин фирмаҳо ва ташкилотҳои хориҷие, ки ба ҳамкори бо онҳо Палата ва аъзои он манфиатдоранд, бо дарназардошти мушахассоти фаъолияти онҳо, пешниҳодҳо манзур намояд; 7) бо супориши корхонаҳо ва соҳибкорони ватани ва хориҷи экспертиза, назорати сифат, миқдор ва пуррагии молу маҳсулоти содироти ва воридоти, аз ҷумла ашёи хом ва таҷҳизотро гузаронад; 8) сифатномаҳои асли баромади молу маҳсулот, ҳамчунин дигар асноди марбут ба анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷиро тасдиқ намояд; 9) феҳристи ғайридавлатии корхонаҳо ва соҳибкоронеро, ки вазъи молияви ва иқтисодии онҳо дар бораи эътимоднокии онҳо ҳамчун шарикон дар фаъолияти соҳибкори дар ҷумҳури ва хориҷа шаҳодат медиҳад, пеш барад; 10) намоишҳои байналхалқи ташкил намояд, ҳамчунин омода ва доир намудани намоишҳои молу маҳсулоти ватаниро дар хориҷа таъмин созад; 11) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа корхонаю муассисаҳо ташкил намояд, таҷдиди ташкил диҳад ва барҳам диҳад, ҳамчунин дар ташкили корхонаҳои мушгарак, утоқҳои тиҷорат ва дигар сохторҳо ширкат намояд; 12) филиалҳо ва намояндагиҳои худро, аз ҷумла дар хориҷа кушояд; 13) барои таъмини фаъолияти соҳибкори рузномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи нашаротиро интишор диҳад; 14) усулҳои пешбурди фаъолияти худро мустақилона муайян намояд, сохтор, ҷадвали штати, теъдоди кормандон, шакл ва андозаҳои музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии моддии меҳнати онҳоро муқаррар созад; 15) дигар ваколатҳоеро, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошанд, амали намояд. Асноди ҳуқуқие, ки аз тарафи Палатаи савдои саноати дар ҳудуди салоҳияти он дода шудаанд, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд. Ҳуқуқҳои Палатаи савдои саноати дар Оинномаи он инъикос ва бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешаванд. Моддаи 11. Моликияти Палатаи савдои саноати Палатаи савдои саноати метавонад дар моликияти худ биноҳо, иншоот, таҷҳизот, саҳмияҳо, дигар коғазҳои арзишнок ва амволи дигари алоҳидае, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномави заруранд, дошта бошад. Корхонаҳое, ки аз тарафи Палатаи савдои саноати таъсис дода шудаанд, амволи мавҷудаи худро дар доираи ваколатҳои ба онҳо аз тарафи Палата додашуда мутобиқи мақсадҳо ва вазифаҳое, ки бо оинномаҳои онҳо, ҳамчунин шартномаҳои дар байни Палатаи савдо и саноати бо корхонаҳои мазкур басташуда пешбини гардидаанд, истифода мебаранд ва ихтиёрдори мекунанд. Манбаи маблағҳои Палатаи савдои саноати ҳиссаҳои дохилшави ва ҳаққи узвият, даромадҳо аз фаъолияти худи ва фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои таъсисдодаи он ва дигар маблағҳои воридшуда мебошанд. Маблағҳои Палатаи савдои саноати барои таъмини фаъолияти он ва таъсиси фондҳои он истифода бурда мешаванд. Ҳангоми аз Палатаи савдои саноати хориҷ шудани аъзои он ҳаққулузвиятҳои пардохтшуда баргардонида намешаванд ва даъво ба ҳиссаи амволи Палатаи савдои саноати қабул карда намешавад. Ҳуқуқи моликияти Палатаи савдои саноати бо қонун муҳофизат карда мешавад. Моддаи 12. Масъулияти Палатаи савдои саноати Палатаи савдои саноати барои ӯҳдадориҳои худ бо амволе, ки ба он тааллуқ дорад, масъул аст. Палатаи савдои саноати барои ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад ва аъзои он низ барои ӯҳдадориҳои Палатаи савдои саноати масъул намебошанд. Палатаи савдои саноати барои ӯҳдадориҳои корхонаҳои таъсисдодаи худ масъулият надорад ва корхонаҳои мазкур низ барои ӯҳдадориҳои Палатаи савдои саноати масъул намебошанд. Моддаи 13. Робитаҳои байналхалқии Палатаи савдои саноати ва ширкат дар ташкилотҳои байналхалқи Палатаи савдои саноати мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ метавонад робитаҳои мустақими байналхалқи дошта бошад ва созишномаҳои дахлдор бандад. Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои аъзои худро дар Палатаи байналхалқии савдо, Ассотсиатсияи байналхалқи оид ба ҳифзи моликияти саноати, Бюрои байналхалқии намоишҳо, Ташкилоти байналхалқии меҳнат, ҳамчунин дигар ташкилотҳои байналхалқи дар масъалаи марбут ба фаъолияти соҳибкори намояндаги мекунад. Барои иҷрои вазифаҳои худ Палата филиалҳо ва намояндагиҳои худро дар хориҷа таъсис медиҳад, ҳамчунин ҳақ дорад, ки якҷоя бо кишварҳои хориҷи палатаҳои тиҷорати ва тиҷоратию саноатии муштарак таъсис диҳад. Моддаи 14. Шартномаҳои байналхалқи Агар дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз қоидаҳои ҳамин Қонун фарқ дошта бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналхалқи мавриди истифода қарор мегиранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов ш. Душанбе 22 маи соли 1998 № 603Оинномаи ПСС
Статья 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1 .Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан (в дальнейшем -ТПП Республики Таджикистан, Палата) является негосударственной, некоммерческой организацией, объединяющей членов ТПП, таджикские предприятия в том числе иностранные, совместные предприятия и таджикских предпринимателей выражающей интересы предприятий, объединений, организаций по вопросам, связанным с осуществлением хозяйственной деятельности, в том числе в области внешнеэкономических связей Республики Таджикистан с зарубежными странами.
2.ТПП Республики Таджикистан действует на основе Конституции Республики Таджикистан, Закона «О Торгово-промышленной палате Республики Таджикистан», других законов и правовых актов Республики Таджикистан и настоящего Устава. Торгово-промышленная палата Республики Таджикистан занимается хозяйственной деятельностью лишь, поскольку это необходимо для выполнения ее уставных задач и не распределяет полученную прибыль между своими членами.